Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар Афғонистон


Ҳазорҳо сокинони Афғонистон имрӯз зидди президент Ҳомиди Карзай ва ИМА ба нишони эътироз аз қатли мардуми осоишта дар ҷараёни амалиёти нирӯҳои эътилофӣ, ки алайҳи ҷангиёни Толибон нигаронида шуда буд, раҳпаймоӣ карданд. Ин амалиёт дар вилояти Лағмон сурат гирифт. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо бо кӯмак аз ҳаво 15 ҷангиро ба ҳалокат расонданд, дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ ва аҳолии мулкӣ дар бораи кушта шудани ҳадди аққал 10 фарди осоишта ва се ҷангии муттаҳам хабар доданд. Таҳқиқи муштараки ин ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG