Пайвандҳои дастрасӣ

Чин дар остонаи Соли нави қамарӣ


Даҳҳо миллион сокинони Чин имрӯз барои таҷлили Соли нави қамарӣ омодагӣ мебинанд. Роҳҳои оҳан ва фурудгоҳҳо ин шабу рӯз хеле пурмаҳсул кор мекунанд, то ки онҳоеро, ки мехоҳанд фарорасии соли навро дар ҳалқаи наздикону дӯстонашон дар манотиқи мухталифи Чин пешвоз гиранд, ба манзил бирасонанд. Соли нави қамарии Чин рӯзи душанбе, 26 январ фаро мерасад. Тибқи интизориҳо, дар 40 рӯзи таҷлили ҷашн ва баъди он 188 миллион сокини ин кишвар тавассути қатор ва 24 миллион нафар бо ҳавопаймо саёҳат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG