Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Арманистон ошӯбгаронро афв кард


Раиси ҷумҳурии Арманистон Серж Саркисян 16 нафари дигарро, ки дар ошӯбҳои баъди интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи марти соли гузашта дар Ереван иштирок карданд, афв намуд. Дар ин ошӯбҳо, ки бо иттиҳоми тақаллуб шудани натиҷаҳои интихобот сар зад, тазоҳургарон бо полис вориди даргирӣ шуданд. 10 нафар кушта ва садҳо тани дигар захмӣ гардиданд. Дар пай ҳукумат вазъияти изтирориро ҷорӣ кард. Полис беш аз 100 нафарро боздошт намуд ва аз шумули онҳо то имрӯз тақрибан 30 нафар афв шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG