Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқоти муштараки ҳамлаҳо дар вилояти Лағмон


Дар вилояти Лағмони Афғонистон амалиёти муштараки муҳаққиқони маҳалливу амрикоӣ барои тафтиши ҷузъиёти ҳамлаҳои ахири низомӣ шурӯъ шудааст. Низомиёни амрикоӣ мегӯянд, ки дар натиҷаи рейде субҳи шанбе 15 ҷангӣ кушта шуданд, дар ҳоле, ки мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, дар натиҷаи ин амалиёт дар баробари се ҷангии эҳтимолӣ ҳадди аққал 10 фарди осоишта ҷони худро аз даст доданд. Лутфулло Машъал, волии Лағмон дар сӯҳбат бо радиои Афғонистони Озод дар ин бора гуфт:

"Дар маркази вилояти Лағмон аз тарафи қувваҳои эътилоф болои баъзе аҳдофи машкук бомборон сурат гирифт, ки дар натиҷаи он се душман, террористон аз байн рафта, вале бадбахтона ҳудуди 10 нафар афроди мулкӣ низ талаф шуданд, ки атфолу занон шомили ин афроди мулкӣ мебошанд".

Лутфулло Машъал инчунин тахмин задааст, ки ба эҳтимоли ғолиб ҳамлаҳои ахир бидуни ҳамоҳангии миёни нирӯҳои амрикоӣ, ҳукумати маҳаллӣ ва нирӯҳои амниятии Афғонистон анҷом шудааст. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд дар ҷараёни ин амалиёт ҷангиён ба сӯи нирӯҳои эътилофӣ оташ кушоданд. Ҳадафи ин амалиёт фармондеҳи Толибон дар Лағмон будааст. Инчунин дар гузориши низомиёни амрикоӣ оиди бо силоҳи сабук кушта шудани 11 ҷангӣ ва тавассути ҳамлаҳои ҳавоӣ нобуд шудани чор нафари дигар хабар дода шудааст.
XS
SM
MD
LG