Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҷлиси поёнии порлумони Русия Думаи давлатӣ замонати интихоботӣ дар интихоботҳои кишварро лағв намуд.

Ахиран Думаи давлатӣ баъди хониши севуму ниҳоӣ қарори худ оид ба лағви замонати интихоботӣ дар интихоботҳоро қабул намуд.

Аз ин ба баъд номзадҳо ба вакилии сатҳҳои мухталиф дар кишвар аз супурдани замонати пулии интихоботӣ (60 миллион рубл баои рӯйхати ҳизбӣ), ки қаблан шарти аввали имкони ширкати онҳо дар интихоботҳо буд, озод карда мешаванд. Акнун онҳо ҳуқуқи иштироки худ ҳамчун вакил дар интихоботҳоро танҳо бо роҳи ҷамъ овардани миқдори муайяни имзоҳо тасдиқ менамоянд.

Феълан барои ҳуқуқи номзадӣ ба вакилии Думаи давлатиро соҳиб шудан ҷамъ намудани 200 000 имзо лозим аст.

Сергей Миронов, раиси Шӯрои Федеросюн, маҷлиси болоии порлумони Русия, ин тағйир дар қонунгузории интихоботии мамлакатро шарҳ дода, аз ҷумла, гуфт: «Вақти он расидааст, ки натанҳо замонати пулии интихоботӣ, балки инчунин ҷамъ намудани имзоҳо ба тарафдории ҳизбҳо ҳам лағв карда шавад».

Дар ҳамин ҳол, аҳзоби порлумонии кишвар ҳуқуқ доранд, ки бидуни ҷамъкунии имзоҳо дар интихоботҳо иштирок кунанд.

Бино бар қоидаҳои то имрӯз амалкунанда, барои ширкат дар интихоботҳои федеролии кишвар пардохти замонат ба андозаи 15% сатҳи мумкини фонди интихоботӣ лозим буд. Минтақаҳо ҳуқуқ доштанд худашон ин сатҳро (вале на камтар аз 10%-и ҳаҷми фонди интихоботӣ) муайян созанд.
XS
SM
MD
LG