Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мониъаи аслии рушди маориф дар Осиёи Марказӣ


Дар Донишгоҳи Колумбия, яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ИМА ва ҷаҳон, конфронси илмии “Чолишҳои ислоҳоти маориф: Осиёи Марказӣ дар заминаи саросарӣ” доир шуд.

Конфронсро пажӯҳишгоҳи Ҳаремани ин донишгоҳ бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Туркманистон ва Қазоқистон дар СММ багрузор кард. Дар кори он, аз ҷумла, донишмандони саршиноси донишгоҳҳои Амрико ва ҷаҳон профессори риштаи таълими донишгоҳи Кентакӣ Алан Де Янг, профессори донишгоҳи Колумбия Эрик Ҷонсон ва мушовири USAID Питер Ҷон, доктори илмҳо аз Донишгоҳи Бристоли Британиё, профессори Донишгоҳи Кенти иёлати Оҳайё ширкат варзиданд.

Аксарияти ҳозирин аз ин ё он лиҳоз ба кишварҳои Осиёи маркази робита доштанд ва доранд. Баъзеҳо дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистону Узбакистон ва Туркманистон пажӯҳишҳо анҷом медоданд. Владимир Брилер раиси бахши тарҳрезии стратежи ва пажуҳишҳои муассисоти таълимии донишкадаи Прет Инститют барои ислоҳотҳои мушаххас дар низоми маорифи ин кившарҳо ҳоло ҳам нақши фаол доранд.

Дар маросими гушоиши кори конфронс сафирони Туркманистон ва Қазоқистон дар СММ суханронӣ карданд. Сафири Қазоқистон Бирганим Айтимова ки тӯли чандин сол дар кишвараш вазири маориф буд, ишора намуд, ки Қазоқистон ҳоло кӯшиш дорад як узви ҷомиъаи пешрафтаи ҷаҳонӣ шавад ва ба ҳамин хотир масъалаи маориф яке аз муҳимтарин бахшҳои стротежии он маҳсуб мешавад: “Соли гузашта донишҷӯёни қазоқистонӣ дар олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба риёзиёт ҷои 5-умро ишғол намуданд. Шумо ҳам метавонед аз мо баъзе чизҳоро биомӯзед. Феълан дар кишвари мо барномаи “Балашак” (“Оянда”) рӯи даст гирифта шудааст. Ва ҳар сол дар чаҳорчӯби он ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Донишгоҳи Калумбия, ҳазорҳо донишҷӯй фиристода мешавад. Воқиъан, ҳамаи муовинҳои аввали тамоми вазоратҳои кишвар хатмкардагони ин барномаанд”.

Дар ҳамин ҳол, бино бар гуфтаи баъзе аз ширкаткунандагони нишаст, вазъи маъориф дар кишварҳои собиқи шӯравӣ ва ба хусус давлатҳои Осиёи Марказӣ на ҳамеша чунин умедбахш аст. Владимир Брилер, раиси бахши тарҳрезии стротежӣ ва пажӯҳишҳои муассисоти таълимии донишкадаи Прет Инститют, гуфт, ки, мутаассифона, дар қашшоқтарин кишвари дунё мешавад якчанд донишҷӯи бомаҳорат ва пуристеъдод пайдо кард ва ҳатто дар олимпиадаҳо пирӯз гардид, аммо дар умум сатҳи дониши ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорони давлатҳои Осиёи марказӣ хеле паст мебошад.

Омӯзгори донишгоҳи Колумбия Рафиз Аббосов изҳори ақида намуд, ки Қирғизистон барномаи таҳсили донишҷӯёни худ дар ин донишгоҳро мутаваққиф намуд ва Узбакистон теъдоди донишҷӯёнашро дар хориҷа ба таври чашмрас коҳиш додааст. Дар мавриди Тоҷикистон ӯ мегӯяд, ки дар бораи барномаи густардаи давлатӣ назири ин маълумоте надорад ва аммо муҳассилини тоҷик аксар вақт аз тариқи бунёдҳои мухталифи хусусӣ ва ё бо сармоягузории волидайнашон меоянд.

Дар ин нишаст таҳаввулот дар системаи таҳсили кишварҳои Осиёи марказӣ баррасӣ гардида, барои рушди ин раванд маслиҳатҳои муфид дода шуд. Аз ҷумла, ин нукта баён шуд, ки, бо вуҷуди ёрии созмонҳои байнулмилалӣ ва кившарҳои пешрафта ҷиҳати ҷоришавии ислоҳот дар кишварҳои минтақа мониъаҳои зиёд вуҷуд дорад ва яке аз ҷиддитаринаш ин фасод дар сохторҳои ҳукуматии ин давлатҳо мебошад.
XS
SM
MD
LG