Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Атфоли Ғазза ба мактабҳо бармегарданд


Рӯзи шанбе барои нахустин бор баъди амалиёти низомии артиши Исроил дар Навори Ғазза мактабҳои миёнаи таҳти сарпарастии СММ дарҳои худро ба рӯи шогирдон боз карданд. Интизор меравад, ки ҳудудан 200 ҳазор тифли мактабхон сари мизу курсиҳои худ баргарданд. Аксари ин мактабҳои СММ ба ҳайси паноҳгоҳи муваққат барои фаластиниҳое хизмат кардаанд, ки бар асари ҳамлаҳои беш аз сеҳафтаинаи артиши Исроил болои Ҳамос аз манзилу хонаҳои худ маҳрум шуданд. Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Фаронса Николя Саркозӣ ба як киштии фаронсавӣ амр дод, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз қочоқи аслиҳа тавассути роҳҳои обӣ дар соҳилҳои Ғазза мустақар шавад. Ин иқдом ба хотири таҳкими оташбаси миёни Ҳамос ва Исроил карда мешавад.
XS
SM
MD
LG