Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муҳиммоти ғайринизомии ИМА ба Афғонистон


ИМА пешниҳоди Русияро оиди кумак ба интиқоли бору муҳиммоти ғайринизомӣ тавассути қаламрави ин кишвар ба Афғонистон истиқбол кард.

Дмитрий Рогозин, фиристодаи Русия дар паймони НАТО, гуфт, ки равобити ду ҷониб дар ҳоли пешрафт мебошад.

Чунин ба назар мерасад, ки равобити миёни Русияву Амрико дар ҳоли беҳбуд ёфтан аст. Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев дар пойтахти Ӯзбакистон шаҳри Тошканд рӯзи ҷумъа гуфт, ки Маскав омода аст барои интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ ба Афғонистон ба ИМА кӯмак кунад. Медведев инчунин гуфт, ки Маскав ҳамчунин омода аст барои муқобила бо қочоқ ва терроризм низ ба Амрико дасти ёрӣ дароз кунад. Вай изҳори умедворӣ кард, ки кори маъмурияти Барак Обама, раиси ҷумҳурии нави Амрико дар умури Афғонистон назар ба Ҷорҷ Буш муваффақтар хоҳад буд. Ва рӯзи шанбе фиристодаи Русия дар паймони низомии НАТО Дмитрий Рогозин дар сӯҳбат бо радиои "Эхо Москви" гуфт, ки яхи дар равобити Маскаву муттафиқони ғарбии он эҷодшуда об мешавад.

ИМА омодагии Маскавро барои кӯмак дар Афғонистон истиқбол кард. Роберт Вуд, сухангӯи вазорати хориҷа рӯзи ҷумъа гуфт, ки маъмурияти нави Обама ба ҳамкориҳои минбаъда бо Русия дар масоили Афғонистон боумед дида дӯхтааст.

ИМА ва НАТО дар пайи пайдо кардани роҳҳои алтернативии расидан ба Афғонистон мебошанд. Моҳҳои охир ҷангиён хеле зиёд ба корвонҳои борбари нирӯҳои ғарбӣ дар қаламрави Покистон ҳамла кардаанд. Моҳи ҷорӣ Дейвид Петреус, раҳбари амалиёти низомии ИМА дар Афғонистон ва Ироқ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кард, то ки имконияти истифодаи минбаъдаи роҳҳои шимолии Афғонистонро барои интиқоли бору муҳимот бо мақомоти ин кишвар баррасӣ кунад.

Дар айни замон, гуфта мешавад, ки эҳтимолан Русия барои кӯмак ба ИМА дар Афғонистон чанд шарте гузорад. Президент Медведев гуфтааст, ки ҳамкориҳои Маскав баробарии комилро дар миёни ҷонибҳо тақозо мекунад. Фиристодаи Русия Рогозин гуфт, ки Маскав метавонад ба НАТО дар Афғонистон кӯмак кунад, ба шарте, ки аъзои ин эътилоф ҳамкориҳои баъди ҷанги моҳи августи порсол миёни Гурҷистону Русия қатъшударо барқарор кунанд. Ричард Бӯрт, сафири пешини ИМА дар Олмон ва раҳбари созмони таҳқиқоти стратегияи глобарии McLarty Associates дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло беҳтарин роҳ ин аст, ки Вашингтон чунин нишон диҳад, ки Маскавро бо тамоми ҷиддият қабул мекунад: "Он чи ки ҳоло русҳо тақозо мекунанд, ва он аз назари сиёсати маъмурияти Буш то андозае нодида гирифта мешуд, ин аст, ки онҳо мехоҳанд ҷиддӣ қабул шаванд. Онҳо мехоҳанд як бахши муҳими тасмимгириҳои амрикоӣ бошанд, онҳо мехоҳанд дар тасмимгириҳои ҷаҳонӣ ҳам чун як фактори хеле муҳим арзёбӣ шаванд. То андозае, ба назари ман, ҳоло чунин имконияте барои ИМА пеш омадааст, ки онҳоро мутақоид созад, ки ҷиддӣ арзёбӣ мешаванд".

Рӯзи душанбе, 26 январ, нишасти шӯрои муштараки 26 кишвари узви НАТО ва Русия ташкил мешавад ва ин нахустин чунин як ҳамоише хоҳад буд, ки баъди мутаваққиф шудани равобити миёни Маскаву НАТО баъди ҷангҳои августи порсол баргузор мешавад. Рогозин аз ҳоло гуфтааст, ки ин нишаст дар асл маънои азсар гирифта шудани ҳамкориҳои миёни ду ҷонибро дорад.
XS
SM
MD
LG