Пайвандҳои дастрасӣ

Кумаки навбатии «Ҳайъати шафқат» ба мардуми Рашт


Беш аз 2 000 хонаводаи муҳтоҷ аз 3 ҷамоъати ноҳияи Рашт 850-сомонӣ (муъодили тақрибан 240 доллари амрикоӣ) кумаки яквақта дарёфт намуданд.

Ин маблағ дар маҷмӯъ маблағи 1 миллиону 800 000 сомониро ташкил медиҳад, ки муъодили 500 000 доллари ИМА мебошад.
Ҷамиш Септер, раҳбари намояндагии созмони байнулмилалии «Ҳайъати шафқат» дар суҳбат ба родиюи «Озодӣ» давоми силсилакумакҳои ҳукумати ИМА ба мардумиТоҷикистон, ки бар асари сардиҳои бесобиқаи як сол пеш зарар дида буд, арзёбӣ намуд. Ӯ, зимистони соли гузашта дар ин кишварро ёдоварӣ намуда, гуфт: «Мадуми Тоҷикистон дар он зимистон зарари зиёд дида буд».

Ар ҳамин ҳол, Маҳмадшариф Лоиқов, корманди ин созмон, бо назардошти болоравии маводди ғизоӣ дар як соли ахир ва қимати бесобиқа баланди кони ангишти Назарайлоқи ноҳия, ин кумакҳои пулиро барои ақшори ҷомиъаи Рашт муҳим ва саривақтӣ ҳисобида, тазаккур дод, ки махсусан мардуми деҳоти дурдаст аз дарёфти ин кумакҳо хеле хушнуд шудаанд.

Раҳима, як нафар зани бесаробон аз деҳаи Хиҳтирок, ба хабарнигори родию изҳор кард, ки бо вуҷуди болоравии қимати колову маводди ғизоӣ мешавад як гӯшаи рӯзгори душвори худро саришта намуд: «Ҳеч набошад, ба ин маблағ мешавад 6-7 халта орд харид».

Ёдовар мешавем, ки ин созмони байнулмилалӣ бо дастгирии созмони амрикоии USAID соли 2008 ба хонаводаҳои зарардидаи ин ноҳия 240 тонна картошка кумак карда буд. Маводди ғизоӣ, сӯзишворӣ ва ашёи рӯзгор аз кумакҳои дигари созмони «Ҳайъати шафқат» ба беморхонаҳову аҳолии ноҳия дар соли гузашта мебошад.
XS
SM
MD
LG