Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқиди Human Rights Watch аз Русияву Гурҷистон


Дар гузориши тозанашри созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch омадааст, ки дар тӯли ҷанги моҳи августи соли гузашта дар хоки Осетияи Ҷанубӣ ва баъди он - ҳам Русия ва ҳам Гурҷистон ба чандин ҳодисаи нақзи ҳуқуқи инсон даст задаанд. Гузориш бо ҷузъиёт ба масъалаи, ба қавли ин созмон "бебандубориҳову истифодаи номутаносиби" нирӯҳо аз ҷониби низомиёни русиву гурҷӣ ва ҳамчунин ҷудоихоҳони Осетияи Ҷанубӣ муроҷиат кардааст. Татяна Локшина аз Human Rights Watch, ки раҳбарии гурӯҳи таҳқиқотии 500-нафараро раҳбарӣ кардааст, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

"Ҳодисаҳои поймолшавии қонунҳои башарии байналмилалӣ ва поймолшавии ҳуқуқи инсон баробари анҷоми даргириҳои шадиди низомӣ хотима наёфт. Баъди 15 август ҳам оташзанӣ, ғорати рустоҳои гурҷӣ ҳам дар қаламрави Осетияи Ҷанубӣ ва ҳам дар қаламрави худи Гурҷистон идома дошт. Ин мавридҳоро ҳам мо ҳуҷҷут кардем".

То ҳанӯз ҳеҷ як ҷониб ба ин гузориш вокуниш нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG