Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ истеъфо доданӣ нест


Раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ даъватҳои мухолифинро барои истеъфо рад карда гуфт, ки вай ҳоло дар назар надорад, ки қабл аз анҷоми мӯҳлати раҳбариаш дар соли 2013 интихоботи пеш аз мӯҳлатро баргузор кунад. Саакашвилӣ дар ин бора дар як барномаи чаҳорсоатаи телевизионӣ рӯзи ҷумъа изҳорот дод. Ин барнома қисман сабтшудаву қисман ба таври зинда ҷараён гирифт. Саакашвилӣ, ки ҳукуматаш барои ҷанг бо Русия дар хоки Осетияи Ҷанубӣ августи порсол зиёд танқид мешавад, тамоми гуноҳро ба гардани Русия бор карда гуфт, ки ин кишвар талош дорад Гурҷистонро хароб кунад. Саакашвилӣ инчунин гуфт, ки аз назари вай ҳеҷ тағйироте аз ҷониби маъмурияти нави Амрико ба раҳбарии Обама дар амри кӯмак ба кишвараш пеш нахоҳад омад.
XS
SM
MD
LG