Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эйде бо Раҳмон


Имрӯз намояндаи вижаи Дабири кулли СММ дар Афғонистон Кай Эйде бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон, мулоқот кард. Дар ин мулоқот масоили кумакҳои Душанбе барои таҷдиди иқтисоду амнияти Афғонистон матраҳ шудааст. Оқои Эйде нақши муҳими кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро барои истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон таъкид намуд. Ба қавли Кай Эйде, мақомоти Афғонистон метавонанд бо истифода аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба даргириҳо ва бесарусомониҳои сиёсӣ дар кишвари худ хотима диҳанд. Дар ҳамин ҳол, оқои Эйде тавсеъи нерӯҳои байнулмилалӣ ва NАТО дар Афғонистонро дар вазъи кунунӣ ба нафъи кор хонд ва таъкид кард, ки ин амал барои баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ин кишвар ёрӣ медиҳад. Ба қавли Кай Эйде, Тоҷикистону СММ барои раҳоии Афғонистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ҳудудан 40 тарҳро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
XS
SM
MD
LG