Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 15 нафар кушта шуданд


Тибқи гузоришҳо, нирӯҳои эътилофӣ ба раҳбарии Амрико дар ҷараёни амалиёте дар вилояти шарқии Лағмон шаби гузашта 15 ҷангиро нобуд карданд. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, амалиёти мазкур, ки инчунин бо кӯмаки нирӯҳои ҳавоӣ амалӣ шудааст, дар маҳалле бо номи Меҳтарлом сурат гирифт. Мақомоти вилоятӣ дар нақли қавл аз сокинони рустои маҳаллӣ мегӯянд, ки ҳама қурбониҳо мардуми осоишта буданд. Дар ҳодисаи дигар, сарбози нирӯҳои таҳти сарпарастии НАТО рӯзи панҷшанбе як марди мулкиро бо гумони ин ки вай як маводи таркандаро мехост дар наздикии қароргоҳи низомие дар вулусволии Гиришки вилояти ҷанубии Ҳилманд зери хок кунад, ба қатл расондааст. Баъдан дар изҳороти расмии ин нирӯҳо гуфта шуд, ки таҳқиқ бегуноҳ будани он мардро нишон додааст.
XS
SM
MD
LG