Пайвандҳои дастрасӣ

Рогозин: "Ях об мешавад"


Фиристодаи Русия дар НАТО имрӯз гуфт, ки яхи дар равобити Маскаву муттафиқонаш эҷодшуда тадриҷан об мешавад. Дар сӯҳбат бо "Эхо Москви" Дмитрий Рогозин гуфт, ки ташкили нишасти шӯрои Русияву НАТО дар рӯзи душанбе дар асл маънои аз сар гирифта шудани ҳамкориҳоро дорад. НАТО баъди ҷанги кӯтоҳмуддати миёни Гурҷистону Русия августи порсол кори ин шӯрои муштаракро бо Маскав муваққатан қатъ ва Русияро дар истифодаи номутаносиби нирӯҳо танқид кард. Рӯзи ҷумъа Дмитрий Медведев гуфт, ки Русия омода аст ба ИМА ва муттафиқонаш дар интиқоли молу муҳимоти ғайринизомӣ ба Афғонистон ҳамчунин тавассути қаламрави Русия кӯмак кунад. Вай гуфт, ки Маскав инчунин омода аст дар мубориза зидди қочоқ ва терроризм дар Афғонистон ёриҳо расонад. Иёлоти Муттаҳида ин тааҳуди раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведевро истиқбол кард. Роберт Вуд, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки маъмурияти нави Обама ба ҳамкорӣ бо Русия дар масоили Афғонистон боумед менигарад. Дар пайи ҳамлаҳои пайдарпай болои борбарҳои низомии амрикоӣ, ки тавассути хоки Покистон мегузаштанд, ИМА ва НАТО роҳҳои алтернативии нави интиқолу бору муҳимот ба Афғонистонро ҷустуҷӯ мекунанд. Генерал Дейвид Петреус, раиси Ситоди Марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, ки ахиран аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дидан кард, бо мақомоти ин кишварҳо роҳҳои интиқоли борҳоро тавассути марзҳои шимолии Афғонистон баррасӣ кард.
XS
SM
MD
LG