Пайвандҳои дастрасӣ

Нахуствазири Ҳиндро ҷарроҳӣ мекунанд


Нахуствазири Ҳинд Манмуҳан Сингҳ имрӯз ба як касалхонаи Деҳлии Нав барои анҷоми амалиёти ҷарроҳии қалбаш интиқол дода шуд. Сингҳи 76-сола солҳост аз дарди дил азият мекашад ва дар оғози ҳафтаи ҷорӣ ба табибон аз дарде дар қафаси синааш шикоят кардааст. Тибқи гузоришҳо, табибон вуҷуди мушкили шараёни қалбро дар ӯ таъйид кардаанд. Гузоришҳо ҳокист, ки ҷараёни амалиёт имкон дорад шаш соат идома кунад ва эҳтимол дорад оқои Сингҳ тӯли чанд ҳафтаи баъдӣ бо муолиҷа машғул шавад. Дар ин муддат, ба эҳтимоли ғолиб, масъулияти раҳбарии ҳукуматро муваққатан мақоми дигари баландпояи Ҳинд ба дӯши худ гирад.
XS
SM
MD
LG