Пайвандҳои дастрасӣ

"Муҷоҳидини Халқ" аз феҳристи террористҳо мераванд


Бино ба хабарҳои расида аз Бруксел, намояндагони Иттиҳодияи Аврупо дар бораи лағви номи созмони Муҷоҳидини Халқи Эрон аз феҳристи созмонҳо ва гурӯҳҳои террористӣ ба тавофуқоти муқаддамотӣ даст ёфтаанд. Мақомоти расмии Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, дар ин бора вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин иттиҳодия тасмими ниҳоӣ мегиранд. Қарор аст мулоқоти онҳо рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда багузор шавад. Тақрибан 4 ҳазор нафар аъзои ин созмон дар Ироқ мустақаранд ва дар соли 2003 онҳо бо нируҳои Амрикоии мустақар дар Ироқ дар бораи халъи силоҳ ба тавофуқ расида буданд.
XS
SM
MD
LG