Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук намояндаи Амрико дар Афғонистону Покистон


Ричард Ҳолбрук-фиристодаи вижаи Амрико барои Афғонистон ва Покистон, ки ахиран ба ин мақом мансуб шуд, мегӯяд, ки вай дар ин кори нави худ ба "душвориҳои сахт" рӯ ба рӯст. Вай дар ин мақоми нав бояд талошҳои дипломатӣ ва низомиро ба кор гирад , то дар задухӯрдҳо бар зидди Толибону Ал Қоъида пирӯзӣ ба даст ояд. Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико оқои Ҳолбрукро рӯзи панҷшанбе ба ин мақом мансуб кард. Ҳолбрук дар ҷавоб гуфт:

"Ин таъиноти хеле душвор аст, он гуна, ки мо ҳама медонем. Касе наметавонад бигӯяд, ки ҷанг дар Афғонистон натиҷаи хуб додааст".

Ҳолбрук 67 сол дорад ва дар гузашта намояндаи Амрико дар СММ буд. Ҳангоми эълони Ҳолбрук ба ин мақом Обама ба аҳамияти дипломатия дар минтақаи Афғонистону Покистон таъкид кард.
XS
SM
MD
LG