Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизтаборон ба ватан бармегарданд


Ба гуфтаи Уктамхон Абдуллоева, ноиби нахуствазири Қирғизистон, 25 ҳазор қирғизтабор аз кишварҳои дуру наздик дубора ба Қирғизистон баргаштаанд ва 80 дарсади онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Уктамхон Абдуллоева афзуд, аммо қирғизтаборони боқимонда аз Чин, Туркия ва Узбакистон вориди марзи Қирғизистон шудаанд.

Ин мавзӯъ дар порлумони Қирғизистон 23 январ зимни баррасии иҷрои Қонун «Дар бораи шаҳрвандӣ» матраҳ шуд. Ноиби нахуствазир гуфт, ки Қирғизистон дар маҷмӯъ панҷуним ҳазор оилаи муҳоҷиронро пазируфтааст ва дар ҳамин ҳол 40 дарсади аъзои ин хонаводаҳо ба манзил ниёз доранд. Ба гуфтаи Уктамхон Абдуллоева, Қирғизистон бо Тоҷикистон дар мавриди сода кардани тартиби қабули шаҳрвандӣ созишнома имзо кардааст. Аз ин лиҳоз қирғизтабороне, ки аз Тоҷикистон омадаанд, зимни қабули шаҳрвандии Қирғизистон ба ягон мушкилот мувоҷеҳ нахоҳанд шуд.

Уктамхон Абдуллоева, ноиби нахуствазири Қирғизистон, гуфт, вале масъалаи таъмини манзил ҳанӯз масъалаи рақами як боқӣ мондааст. Ба гуфтаи ӯ маҳз адами манзил ин қирғизтаборон наметавонанд, ки худро дар идораҳои марбутаи кишвараш сабти ном кунанд.

Ба таъкиди ноиби нахуствазири Қирғизистон ба манзури таъмини ин қишри муҳоҷирон бо манзил ва қарзҳои дарозмуддати имтиёзнок ҳукумати кишвараш ҳамагӣ 48 миллион сом ё муодули бештар аз як миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст, ки мутаассифона маблағи кофӣ нест.

Ойгул Рисқулова, раиси кумитаи муҳоҷират ва шуғли Қирғизистон, иброз дошт, ки дар ҳамин ҳол дар ҳудуди як миллион қирғизтабор дар берун аз марзи кишвараш ба сар мебаранд. Вай афзуд, 55 ҳазори онҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Ба гуфтаи Ойгул Рисқулова ,қирғизтабороне, ки ба қасди сукунати доимӣ ба Қирғизистон омадаанд, баъди пешниҳоди аснод ҳамчун шаҳрванди кишвараш пазируфта мешаванд.

Раиси кумитаи муҳоҷират ва шуғл афзуд, вале буҷаи кишвараш расонидани кумакҳои молӣ ба аъзои хонаводаҳои баргаштаи қирғизтаборро дар соли 2009 пешбинӣ накардааст. Аз ин лиҳоз беш аз панҷ ҳазори ин муҳоҷирон дубора ба Тоҷикистон баргаштанд.

Ба гуфтаи Ойгул Рисқулова, асноди аксарияти қирғизтаборон аз назорати кумитаи амният ва идораҳои марбутаи вазорати дохила мегузарад. Вай афзуд, вале ин тафтиш муддати дарозро дар бар гирифтааст ва нороҳатии муҳоҷирони қирғизтаборро ба миён овардааст.

Қирғизистон барои қирғизтаборон, новобаста аз он ки дар кадом кишвар ба сар мебаранд, режими раводидро бекор кардааст. Дар ин кишвар як барномаи ҳукуматии «Қарилман» ё бозгаштагон раҳандозӣ шудааст. Зайниддин Қурмонов, депутати порлумони Қирғизистон, мегӯяд, дар аксарияти кишварҳои хориҷӣ байни мафҳуми миллат ва шаҳрванд ягон тафовут гузошта нашудааст. Вай афзуд, ба ин сабаб қирғизтаборони ин кишварҳо зимни бозгашт ба ватани бобоиашон ба як идда мушкилоти сарпечида мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Зайниддин Қурмонов гуфт, хушбахтона аз ин раванд кишварҳои муштаракулманофеъ орӣ мебошанд.

Мухтор Наботов, собиқ як сокини ноҳияи Ҷиргатоли Тоҷикистон, ки бо шаш нафар аъзои хонаводааш дар Бишкек ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, ки соли 1996 ба Қирғизистон омадаанд. Вай афзуд, ки дар ҳамин ҳол шаҳрванди ин кишварро ба даст овардаанд ва аз имтиёзҳо низ бархурдоранд. Ба гуфтаи Мухтор Наботов, ҳукумати Қирғизистон ба модараш ва як бародари маълулаш нафақа таъйин кардааст.

XS
SM
MD
LG