Пайвандҳои дастрасӣ

Тирандозӣ ба тоҷикон дар Екатеринбург


Имрӯз Фаррух Шарифов-консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ навиштаи хабаргузории маҳаллии "УралПолит.RU"-ро дар бораи муноқишаи миёни шаҳрвандони Тоҷикистон дар яке аз хобгоҳҳои ин шаҳр рад кард. Шарифов гуфт, моҷаро миёни муҳоҷирони тоҷик рух надодааст, балки ҳудуди 20 нафар аз сокинони маҳаллии атрофи хобгоҳ ба иқоматкунандагони хобгоҳ ҳамла бурдаанд ва як нафар бо тапончаи пневматикӣ шаҳрванди Тоҷикистон Сафаров Сироҷиддинро аз қафаси синааш захмӣ кардааст. Ду нафар аз ҳамлакунандагон боздошт шудаанд ва расидагӣ ба ҳодиса идома дорад. Консули Тоҷикистон дар Екатеринбург мегӯяд, дар ин моҷаро касе кушта нашудааст ва Сафаров баъд аз ҷарроҳӣ ҳоло аз бемористон рухсат шудааст.

XS
SM
MD
LG