Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вагон-синфхонаҳои тангу торику сарду ифлос


Мактаббачагони синфи 2-и мактаби рақами 50-и ноҳияи Ҷомӣ

Мактаббачагони синфи 2-и мактаби рақами 50-и ноҳияи Ҷомӣ

«- Салом бачаҳо! - Ассалом! - Дар синфи чандумед? Ҳоло дарс доред? - Ҳо. Синфи 2-ем. Муаллимамон дар пеши ошхона аст… - Дарсҳоятон хуб мегузаранд? - … Ҳо…»

Ҳамин гуна, шиносоии мо бо муҳассилини мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 50-уми ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз шуд, ки дар синфхонаи тангу торик ва сарду ифлоси андаруни вагонҳо интизори муаллими худ буданд. Омӯзгоре, ки баъдан маълум шуд, худ ҳам маълумоти олӣ надорад ва танҳо баъд аз хатми синфи 11-ум ба таълими кӯдакон ҷалб шудааст. Бо дидани андаруни синф чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки шояд он дар як моҳи ахир аслан поккорӣ нашудааст.

Моҳигул Камолова, омӯзгоре, ки зикраш рафт, шароити таълиму тадрис дар ин мактаб-вагонро бисёр сангин арзёбӣ намуда, чунин тасвир мекунад:
«Бинед, дару тирезаҳоямон обод нест, шиша надоранд, кленкапеч кардаем. Зимистон бисёр сард мешавад, барфу борон, ки борад, аз бомамон мечакад. Вазъи мизу курсиҳомон ҳам бад аст, маҷбур мешавем дар як миз то чаҳор толибилмро ҷой кунем, аммо аз тангӣ навишта наметавонанд. Ҳамчунин, роҳ то мактаб барои бисёриҳо дур аст…»

Дар мактаби рақами 50-уми ноҳияи Ҷомӣ, ки танҳо аз 12 вагон иборат аст, 850 толибилм аз синфи 1 то 11 таҳсил мекардаанд. Азбаски вагонҳо, яъне синфхонаҳо кифоят намекунанд, таҳсил дар ин ҷо дар се баст сурат мегирад: басти аввал соати 8, басти дуввум соати 11 ва саввум соати 2-и баъд аз зӯҳр шурӯъ мешавад. Ҳамчунин ҳайати омӯзгорони мактаб низ аз 26 нафар иборат асту аз ин миён танҳо 2 нафар маълумоти олии омӯзгорӣ доштаанд.

Саидқул Қодиров, мудири бахши илмии мактаби рақами 50-ум, оид ба мушкилоти таълиму тарбия дар ин таълимгоҳ мегӯяд:
«Мо ба омӯзгорони фанни кимиё ниёз дорем, ҳамчунин математикаро барои синфҳои болоӣ бояд дарс диҳем, ки омӯзгор надорем. Ҳамчунин, рости гап, ҳезумамон доданду, барои гарм кардани синфхонаҳо намерасад. Печкаҳои синфҳоро вақти зарурат худи роҳбарони синфҳо, муаллимон алов мекунанд».

Биномаи мактаби рақами 50-и ноҳияи Ҷомӣ
Ҳукумати ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, талош дорад, макотиберо, ки феълан дар вагонҳо ҷойгиранд, ба биноҳои хиштӣ кӯч диҳад. Умедхӯҷа Зоиров, раиси ноҳияи Ҷомӣ, гуфт, дар соли сипаришуда дар қаламрави ноҳия се синфхонаи нав бунёд гардида, толибилмон аз вагонҳо берун кашида шуданд. Ва аммо имсол, ба иддаои оқои Зоиров, қарор аст дар заминаи мактаб-вагони № 50-уми ноҳия чаҳор адад синфхонаи нав сохта мешавад. Дар мавриди мушкили норасоии омӯзгорони ихтисосманд дар мактаби мазкур раиси ноҳияи Ҷомӣ гуфт:
«Оид ба дар ҳақиқат нарасидани муаллимони маълумоти олидор, мо имсол аз ҳисоби буҷаи ҳукумати маҳаллӣ 8 нафарро ба риштаҳои омӯзгории донишгоҳҳо шомил кардем ва 18 нафар тибқи квотаи президентӣ дохил шуданд ва омӯзишгоҳи омӯзгорие, ки дар ноҳия ифтитоҳ кардем, гувоҳи он аст, ки оянда ин камбудиҳо бартараф карда мешаванд».

Ошхонаи мактаби рақами 50-и ноҳияи Ҷомӣ
Ба иттилои идораи маорифи вилояти Хатлон, дар соли 2008-ум 67 мактаб аз манозили шахсӣ ва вагонҳо ба биноҳои нав кӯч дода шудааст. Аммо ҳамоно шумори макотибе, ки дар вагонҳо ва манзилҳои шахсӣ ҷойгиранд, ҳамчунин таълимгоҳҳое, ки дар ҳоли садамавӣ қарор доранд, нигаронкунанда арзёбӣ мешавад.

Камтарин маблағе, ки аз ҳисоби буҷаҳои шаҳру навоҳии Хатлон барои таъмиру тармими мактабҳо ихтисос дода мешавад, марбут ба ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст. Дар ин ноҳия 61 мактаби ҳамагонӣ мавҷуд буда, барои таъмиру бозсозии онҳо ҳукумати маҳаллӣ солона танҳо 213 сомонӣ, муодили 58 доллари амрикоӣ, ихтисос медодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG