Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо Маркелов видоъ мекунанд


Имрӯз дар шаҳри Маскав маросими видоъ бо вакили дифоъ Станислав Марклев ва хабарнигор Анастасия Бабурова доир мешавад. Меркелев дар Маскав ва Бабурова дар зодгоҳаш – шаҳри Севастопол оромгоҳи охират пайдо хоҳанд кард.

Суиқасд ба ҷони вакили дифоъ ва ҳомии ҳуқуқи башар Станислав Маркелев рӯзи душанбе дар маркази Маскав сурат гирифт. Дар ин ҳодиса хабарнигори нашрияи “Новая газета” Анастасия Бабурова ҷароҳат бардошт ва дар бемористон аз олам даргузашт. Ин куштор боиси сару садои зиёд гардид ва кишварҳову созмонҳои байнулмилалӣ аз Русия хостори боздошт ва муҷозоти қотилон шуданд.

XS
SM
MD
LG