Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кай Эйде имрӯз вориди Душанбе мешавад


Кай Ейде, фиристодаи вижаи Дабири Кулли СММ дар умури Афғонистон имрӯз бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон мешавад. Ба иттилоъи раёсати иттилооти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, мулоқоти Кай Ейде бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст. Дар ин мулоқот мавзӯъи амнияти минтақаӣ ва мусоидат ба эҳёи иқтисоди Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд. Қарор аст фиристодаи вижаи Дабири Кулли СММ дар умури Афғонистон бо вазирони умури хориҷа, энерҷӣ ва саноат, кишоварзӣ ва раиси Оҷонси назорати маводи мухадири Тоҷикистон низ мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG