Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Иттиҳодияи Аврупо аз амри Обама истиқбол кард


Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои дидбони ҳуқуқи башар аз тасмими раисиҷумҳури нави Амрико Барак Обама барои бастани боздоштгоҳи Гуантанамо хуш истиқбол карданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Чех, садри даврии Иттиҳодияи Аврупо изҳор намуд, "ин гом ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши амният мусоидат хоҳад кард, ки дар пояи эҳтиром аз ҳуқуқи байнулмилал бунёд мешавад". Аз нигоҳи созмони “Авфи байнулмилал” тасмими Обама намоишгари талошҳои ҳукумати ИМА барои ислоҳи иштибоҳҳои пешин аст.

Дирӯз Барак Обама амр кард, ки дар як соли оянда боздоштгоҳи Гуантанамо дар Куба баста шавад. Тибқи ин амр, муҳокимаҳои низомӣ дар ин маҳбас қатъ мешаванд. Обама бо нашри як дастур ҳамчунин ба шеваҳои хушунатомези бозпурсии гумонбарони терроризм хотима гузошт. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, “Иёлоти Муттаҳида омода аст мубориза бо хушунат ва терроризмро идома диҳад ва ин корро сареъ ва босамар анҷом хоҳад дод. Вале дар ин роҳ мо мехоҳем аз шевае кор бигирем, ки мутобиқи арзишҳои мо бошад".

Барак Обама дар маъракаи интихоботӣ ваъда карда буд, ки маҳбаси пойгоҳи Гуантанаморо мебандад. Айни ҳол дар ин пойгоҳ тақрибан 250 тан аз гумонбарони терроризм ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG