Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ба бандари Чоҳбаҳор роҳ ёфт


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири умури хориҷаи Ҳиндустон Праҳаб Мухирҷӣ дар маросими ифтитоҳи шоҳроҳи наве ширкат карданд, ки Афғонистонро бо яке аз бандарҳои Эрон мепайвандад. Барои бунёди ин шоҳроҳи 220 километрӣ ҳукумати Ҳиндустон 150 миллион доллар ҷудо карда буд. Шоҳроҳи ҷадид аз минтақаи Дилороми вилояти Нимрӯзи Афғонистон оғоз шуда, то мавзеъи Заранҷ, воқеъ дар марзи Эрон тул мекашад ва бо шоҳроҳе мепайвандад, ки то бандари Чоҳбаҳори Эрон мебарад.

XS
SM
MD
LG