Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Митчел ва Ҳолбрук - фиристодаҳои вижаи Обама


Сенатор Ҷорҷ Митчел фиристодаи вижаи раисиҷумҳури ИМА дар Ховари Миёна таъин шуд. Барак Обама ҳамчунин дипломати маъруф Ричард Ҳолбрукро фиристодаи худ дар Афғонистон ва Покистон баргузид. Гуфта мешавад, ки ҳарду фиристодаи Обама собиқаи бузурги ҳалли низоъҳоро доранд - Митчел дар раванди сулҳи Ирландияи Шимолӣ нақши калидӣ дошт, Ҳолбрук, собиқ сафари Амрико дар СММ, яке аз таҳиягарони созиши Дейтон маҳсуб мешавад, ки ба ҷанг дар Босния хотима гузоштааст.

XS
SM
MD
LG