Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барак Обама ба бастани Гуантанамо амр дод


Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама имрӯз фармон имзо дод, ки дар як соли оянда боздоштгоҳи Гуантанамо дар Куба баста шавад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс мегӯяд, тибқи ин фармон муҳокимаҳои ҳарбӣ дар ин ҷо низ қатъ мешаванд. Обама бо як дастури дигар ба шеваҳои хушунатомези бозпурсии гумонбаршудагони терроризм хотима гузошт. Обама ваъда карда буд, ки маҳбаси Гуантанаморо мебандад. Ҳоло дар он наздик ба 250 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар терроризм бандӣ буда, 21 нафар мавриди муҳокима қарор доранд.
XS
SM
MD
LG