Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Холид Ҳусейнӣ -- машҳуртарин нависандаи соли 2008


Нависандаи тоҷиктабори Афғонистон Холид Ҳусейнӣ машҳуртарин муаллиф дар ҷаҳон дар соли 2008 унвон шуд. Китобҳои ӯ "Бодпаракбоз" ва "Ҳазорон хуршеди дурахшон" дар аксари кишварҳои ҷаҳон моҳҳои дароз дар даҳгонаи беҳтарин номбар шудаанд. Рӯзномаи "Гордиан", чопи Лондон менависад, дар ҳафт кишвар Ҳусейнӣ беҳтарин нависандаи муосир номида шудааст. Ҳарду китоби ӯ тақрибан ба шаст забон баргардон шуда, аз рӯи онҳо дар Ҳолливуди Амрико филмҳои ҳунарӣ таҳия гаштааст. Ҳусейнӣ соли 1965 дар Кобул зода шуда, пас аз ишғоли Афғонистон аз тарафи Шӯравӣ ватанашро тарк ва дар Фаронсаву Амрико зиндагӣ кардааст. Вай пизишкиро пеша карда буд, аммо аз соли 2001 рӯ ба нависандагӣ овард.
XS
SM
MD
LG