Пайвандҳои дастрасӣ

Хонуми Клинтон аз оғози давраи нави Амрико хабар дод


Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар ҳоле ки ӯро садҳо корманди ин ниҳод дар даромадгоҳи вазоратхона пешвоз мегирифтанд, гуфт, аз сидқи дилаш бовар дорад, ки "давраи наве барои Амрико" шурӯъ мешавад. Қарор аст, имрӯз Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама низ ба ин вазорат хоҳад омад ва дар ҷаласае мавзӯъҳои аввалиндараҷаи сиёсати хориҷии Амрикоро шарҳ хоҳад дод. Вай ҳамчунин фиристодаи хоси Амрико дар раванди сулҳи Ховари Миёнаро эълон хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG