Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози боздиди Медведев аз Узбакистон


Президенти Русия, Дмитрий Медведев имрӯз бо нахустин сафари давлатӣ вориди Самарқанд, дувумин бузургтарин шаҳри Узбакистон шуд. Мақомоти Русия мегӯянд, ин сафар бо даъвати раиси ҷумҳури Узбакистон, Ислом Каримов, ба амал меояд, аммо ҷузъиёти барномаи он маълум нест. Эҳтимол меравад, масъалаи сармоягузориҳои Русия ба саноати гази Узбакистон дар маркази таваҷҷӯҳи тарафҳо хоҳад буд. Ду кишвар равобити наздик доранд, аммо таҳлилгарон мегӯянд, нармиши ахир миёни Ғарб ва Тошканд мумкин аст, Узбакистонро бештар ба Ғарб моил гардонад.
XS
SM
MD
LG