Пайвандҳои дастрасӣ

Наздик ба 30 ошӯбгар дар Афғонистон кушта шудаанд


Мақомоти Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилал мегӯянд, онҳо наздик ба 30 ошӯбгарро ба ҳалокат расондаанд. 22 тани онҳо бар асари зарбаҳои ҳавоӣ дар посух ба ҳамлаи онҳо ба як посгоҳ дар вилояти шарқии Хост кушта шудаанд. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, дар Хост ҳашт толиб аз тарафи нерӯҳои давлат ба қатл расидаанд. Рӯшан нест, оё ҳарду манбаъ ба як ҳодиса ишора мекунанд ё ба рӯйдодҳои ҷудогона. Хушунатҳо дар Афғонистон назар ба соли гузашта 30 дарсад бештар шудааст. Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон 33 ҳазор сарбоз дорад ва гуфтааст, бо 30 ҳазор сарбози дигар ба ин ҷо хоҳад фиристод.
XS
SM
MD
LG