Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳароси сому сӯму тангаву сомонӣ


Нашрияи интернетии «Евразиянет» дар матлабе ба вазъи бозори асъор ва қурби пулҳои миллӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пардохта, менависад, идомаи бӯҳрони саросарии молӣ, ки кишварҳои ин минтақаро низ асобат кардааст, метавонад мунҷар ба уфти боз ҳам бештари қурби пулҳои миллии ин кишварҳо дар муқобили доллари амрикоӣ шавад.

Қурби пулҳои миллӣ дар тақрибан ҳама кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи моҳҳои охир аз 10 то ҳудуди 30 дарсад поин рафта, ин равандро, тавре ба назар мерасад, “оғоз ҳаст, анҷом не.”

Дар Қазоқистон, бузургтарин қудрати иқтисодии минтақа, қурби танга дар зарфи чанд моҳи охир наздики 10 дарсад коҳиш ёфта, нархи доллар дар ҳоли ҳозир дар атрофи 120 танга чарх мезанад. Бахит Султонов, вазири иқтисоди Қазоқистон гуфтааст, уфти башиддат ва девалватсияи танга тавони бонкҳои ҷиҳати баргардондани қарзҳои хориҷиро сахт мушкил мекунад ва давлат бояд тавозун ва субот дар бозори асъорро тазмин диҳад. Остона, аз ин рӯ, қасд дорад, уфти қурби тангаро дар соли равон дар ҳудуди 10 фоиз нигоҳ дорад.

Аммо бӯҳрон, назар ба Қазоқистон, бозори асъори кишварҳои дигари минтақаро зиёдтар асобат кардааст. Қурби соми Қирғизистон дар чанд моҳи гузашта наздики 20 дарсад афзудааст. Ҳоло арзиши як доллар дар саррофиҳои ин кишвар болиғ аз 40 сом шуда, раҳбари биржаи асъори Бишкек эҳтимоли дар соли ҷорӣ аз марзи 45 сом ҳам убур кардани қурби доллари амрикоиро низ сарфи назар намекунад.

Узбакистон ҳам ба бӯҳрони қурби пули миллиаш рӯбарӯ буда, ба гуфтаи матбуот, адами расидагӣ ба ин мушкил метавонад мунҷар ба бурузи норизоияти афзояндаи мардум шавад. Коҳиши қурби сӯм дар баробари фишори таваррум, афзоиши бекорӣ, пардохт нашудани маоши мардум ва талошҳои таҳти назорати бештари давлат овардани фаъолиятҳои иқтисодӣ шумори бузурги хонаводаҳо дар Узбакистонро ба вартаи фақру нодорӣ тела медиҳад. Сайти интернетии «Узметроном» менависад, ин ҳама мунҷар ба хези дигар ва ба маротиб дардовари таваррум гардида, қобилияти харидории бахши аъзами мардумро дар Узбакистон наздики сифр хоҳад бурд.

Тошканд қурби расмии долларро дар ҳудуди 1400 сӯми узбакӣ таъин кардааст, вале дар бозори сиёҳи фурӯши асъор арзиши як доллар ба 1700 сӯм мерасад. Яъне, тақрибан 30 дарсад болотар аз як соли пеш. Равшанбек, як соҳибкори узбак мегӯяд, пайдо кардани асъори хориҷӣ ҳатто бо чунин қимати баланд хеле мушкил шуда, соҳибкорон маҷбуранд барои харидории, масалан, доллар чанд рӯз навбат бипоянд.

Коҳиш ёфтани ҳаҷми пуле, ки муҳоҷирон аз хориҷ мефиристанд, дар баробари поин рафтани нархи ҷаҳонии пахта ва алюминиюм, ду маҳсулоти умдаи содиротии Тоҷикистон аз омилҳои умдаи поин рафтани қурби сомонӣ - пули миллии Тоҷикистон низ ном бурда мешавад. Қурби сомонӣ дар авоили моҳи январ башиддат поин рафта, қимати як доллари амрикоӣ аз марзи 3 сомониву 70 дирам ҳам гузашт. Бонки миллии Тоҷикистон маҷбур шуд, ба хотири таскин додани бозори асъор 1 миллион доллар пули нақдашро бо қимати поинтар ба фурӯш гузорад.

Аммо доллар ба ҷастухезҳояш дар муқобили сомонӣ ҳамоно идома дод ва феълан, ки Бонки миллӣ қурби расмии долларро 3 сомониву 52 дирам таъйин кардааст, арзиши он дар саррофиҳо дигарбора болиғ аз 3 сомониву 70 дирам шудааст. Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллӣ, мегӯяд, Бонки миллӣ барои анҷоми интервентсияҳо дар бозори асъор дар моҳ ба 235 миллион доллар пули нақд ниёз дорад, вале имконоти феълии ин ниҳод дар амри дифоъ аз қурби сомонӣ маҳдуд аст.

Бино бар эътирофи раиси Бонки миллӣ, хазинаи тилову асъори Тоҷикистон тайи соли гузашта аз 350 миллион доллар ба ҳадди 198 миллион доллар коҳиш ёфта, 100 миллион долларро дар ин хазина тило ва камтар аз 100 миллиони дигарашро пули нақд ташкил медиҳад. Яъне, хеле камтар аз он 235 миллион доллар пули нақди лозим барои Бонки миллӣ.

Таҳлилгарон мегӯянд, Бонки миллӣ одатан интервентсияҳояш дар бозори асъорро танҳо ба хотири муваққатан таскин додани ин бозор анҷом медиҳад, на бо ҳадафи таъини қурби воқеъии сомонӣ. Ва он ки вазъ боз ба ҳолати ғайриоддиаш баргашта, доллар дигарбора рӯ ба боло овардааст, ҳокист, ки қурби сомонӣ дар муқобили доллар дар оянда шояд боз ҳам поинтар биравад.
XS
SM
MD
LG