Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ вазорат шудан мехоҳад


Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, роҳандозии барномаеро пеш гирифтааст, ки ҳадафи аслии он зери як ниҳод муттаҳид кардани сохторҳои масъули ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон аст. Ин барнома «Барномаи рушди ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ» унвон дорад ва то соли 2014 идома хоҳад ёфт.

Хайрулло Латипов, раиси ин Кумита мегӯяд, бар асоси ин барнома ислоҳоти ҷиддие дар сохтори соҳаи фаъолиятҳои марбут ба ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон сурат гирифта, имкон дорад, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба вазорат табдил ёбад. Оқои Латипов гуфт, то кунун сохторҳои марбут ба соҳаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, мисли хадамоти оташнишонӣ, обуҳавосанҷӣ, пешбинии офатҳои табиӣ ва хадамоти оҷили тиббӣ дар алоҳидагӣ аз Кумитаи ҳолатҳои изирорӣ фаъолият доштаанд. Ба эътиқоди оқои Латипов, номуташаккилии соҳаҳои марбут ба фаъолияти изтирорӣ боис ба мушкилиҳо ҳангоми иҷрои фаъолияти изтирорӣ мешуд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, ҳамчунин, тибқи барномаи мазбур, бояд сохаи хадамоти марбут ба ҳолатҳои изтирорӣ то соли 2014 ба таври комил бо таҷҳизоти фаннии муосир ва мутахассисони омӯзишдида таъмин шавад.

Масъулон аз шарҳи ҳазинаи комили ин барнома худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, барои татбиқи он дар соли 2009 давлат ва созмонҳои байнулмилалӣ бештар аз 550 ҳазор доллари амрикоӣ ихтисос додаанд.

Коршиносон ислоҳоти сохтории соҳаи фаъолиятҳои марбут ба ҳолатҳои изтирориро амри зарурӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, парешонии ниҳодҳои марбут ба хадамоти изтирорӣ имкон намедиҳад, ки мақомот ба таври оҷил аз офатҳои табиӣ ҷилавгирӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ду сол қабл, ҳукумати Тоҷикистон Вазорати ҳолатҳои изтирориро барҳам дода, дар ҷои он Кумитаи ҳолатҳои изтирориро таъсис дод.
XS
SM
MD
LG