Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Маскав ва Душанбе аз ҳузури ҳарбии Русия


Намояндагони расмии Тоҷикистон ва Русия ин хабарро тасдиқ карданд, ки ду кишвар шартҳо ва мӯҳлати ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистонро мавриди гуфтушунид қарор додаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, пардохти кирояи замин барои пойгоҳи ҳарбии Русия ва замони ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон мавриди баҳси тарафҳо мебошанд. Зимни созишномаи соли 2004 мӯҳлати ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон 10 сол ва нархи иҷораи замин ба таври рамзӣ камтар як 1 доллари амрикоӣ муқаррар гашта буд. Эҳтимол меравад, ин масъала дар сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG