Пайвандҳои дастрасӣ

Харобкориҳои комюнҳои чиноӣ


Масъулини «Помирнақлиёт» аз вуруди мошинҳои боркаши бузург ва вазнин аз Чин ба қаламрави кишвар изҳори нигаронӣ намуда мегўянд, ки дар сурати ҷилавгирӣ нашудан аз ин раванд роҳҳои Бадахшон пас аз чанд сол қобили ғайриистифода хоҳанд шуд.

Муовини сардори идораи «Помирнақлиёт» Хушназар Абдураҳимов баён дошт, ки ҳамчунин аз пулҳои дар масири Мурғоб-Душанбе дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, имкони фурўравии онҳо ҷиҳати бардошта натавонистани вазни зиёд мавҷуд мебошад.

Аммо сардори хадамоти нақлиёт дар вилоят Зарифхон Зарифхонов дар шартномаи байниҳукуматӣ муайян нашудани муқаррароти вуруди васоити нақлиётӣ ба қаламрави кишварро сабаби мушкилот дар роҳи ҷилавгирӣ аз ҳаракати воситаҳои нақлиётии бузургҳаҷми кишвари ҳамҷавор дар роҳҳои мошингард арзёбӣ намуд. Вай гуфт, онҳо таҷҳизоти ченкунии вазни васоити нақлиётии борбарро танҳо моҳи августи соли гузашта дастрас намуда, дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо 12 ронандаро барои вайрон намудани қоидаҳои боркашонӣ ҷарима бастаанд.

Ба гуфтаи сардори хадамоти нақлиёт, автомашинаҳои борбари бузургҳаҷм, ки ронандагони чиноӣ аз он истифода мекунанд, аз 60 то 90 тонна бор мебаранд, ҳол он ки тавоноии пулҳои садамавӣ каме зиёдтар аз 15 тонна аст. Сардори хадамот роҳи ҳалли мушкилро дар он мебинад, ки дар интиқоли бор байни ду кишвар аз автомашинаҳои ғунҷоишашон то 17 тонна истифода шавад. Вай гуфт, ки аз моҳи май бо оғози фаъолияти гузаргоҳи марзии Қулма хадамот дар гузаргоҳ таҷҳизоти ченкунии вазнро гузошта, ба вуруди васоити нақлиётии борбари калонҳаҷм монеъ хоҳанд шуд.

Аммо коршиносон мегўянд, ки аз бо тарозу дар марз пешвоз гирифтани ронандагони чиноӣ дида, ҳукумат бояд дар доираи мавриди амал қарор додани гузаргоҳи байнидавлатӣ оид ба мутобиқи меъёрҳои байнулмиллалӣ сохтани ин масир фикр мекард, то интиқоли бор бидуни таввасути он бидуни мушкилот сурат мегирифт.

Аммо масъулини роҳсозии Бадахшон мегӯянд, ки барои мутобиқ сохтани ҳар як километри роҳ ба меъёри стандартӣ наздик ба як миллион долларро масраф намудан лозим меояд ва бинобар касодии иқтисодӣ алҳол дарёфти чунин маблароғ барои таҷдид роҳ ғайриимкон мешуморанд.

Дар қаламрави вилоят зиёда аз ду ҳазор километр роҳҳои ҳамлу нақлӣ нигоҳубин шуда, 1200 километри роҳҳо дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ эътироф шудаанд.

XS
SM
MD
LG