Пайвандҳои дастрасӣ

Расонаҳо дар бораи сафари Медведев ба Тошканд


Русия ба манобеъи табиии Узбакистон, ин кишвари саршор аз гази табиӣ, чашм дӯхта, талош хоҳад варзид, қаробати дубораи Тошканду Ғарбро роҳ надиҳад. Узбакистон, ба навбаи худ, дар роҳи содироти газаш ба бозорҳои фаротар аз маҳдудаи Осиёи Марказӣ ба мусоидати бештари Маскав умед баста, ҳамчунин мехоҳад, ки Русия дар шароити бӯҳрони молӣ дар бозори кораш ҷойи пойи муҳоҷирони узбакро, ки рӯзии аксари хонаводаҳо дар Узбакистонро таъмин мекунанд, танг накунад.

Чунин аст бардошти аслии матбуот аз вазъи равобити Маскаву Тошканд дар пешорӯи нахустин сафари раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба Узбакистон.

Расонаи интернетии “Правда.Ру” менависад, захираҳои кашфшудаи гази Узбакистон беш аз 2 триллион метри мукааб баровард шудаанд ва ҳама бозигарони аслии бозори энержӣ ин ҳақиқатро хуб медонанд. Аз ҷумла Аврупо, ки мехоҳад вобастагиаш аз манобеъи гази Русияро коҳиш диҳад, ба навиштаи “Правда. Ру”, ҳоло рӯйдодҳои хунини Андиҷонро гӯё “фаромӯш” карда, дар саҳнаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саҳнаи Узбакистон бо Русия вориди рақобат шудааст.

Аммо “Красная звезда” менависад, Русия ба фаъол шудани равобити Тошканд бо Иттиҳодияи Аврупо назари мусбат дорад. Ин нашрияи чопи Маскав аз Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, нақли қавл мекунад, ки қатъи таҳримот ва оддӣ шудани равобити ИА бо Тошкандро ба манфиати Маскав номидааст.

Бо ин ҳол, Ройтерс менависад, ҳаҷми содироту воридот миёни Русияву Узбакистон дар соли гузашта 10 дарсад коҳиш ёфта, чизе дар ҳудуди 3 миллиарду 800 миллион долларро ташкил дод. Ба назари таҳлилгарон, уфти ин нишондиҳанда масоили иқтисодиро ҳатман дар сархати музокироти Ислом Каримов бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев қарор хоҳад дод. Хабаргузории Ройтерс менависад, Медведев тайи камтар аз як соли раёсатҷумҳуриаш аз ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ, илло Узбакистон, дидан карда, ба Қазоқистон, барои мисол, дар ин муддати кӯтоҳ 4 маротиба сафар кардааст.

Рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, менависад, ибтидо қарор буд, Медведев ба Узбакистон сафари расмӣ анҷом диҳад, вале баъдан бо хоҳиши ҷониби Тошканд, мақоми ин боздид ба сатҳи сафари давлатӣ боло бурда шуд. Ба навиштаи “Коммерсант”, азбаски Медведев нахустин сафари давлатиаш ба ҳайси раисҷумҳури Русияро ба Қазоқистон анҷом дод, Узбакистон, ки Қазоқистонро рақиби худ дар саҳнаи Осиёи Марказӣ шинохта, ба равобити хуби Маскаву Остона бо чашми рашк нигоҳ мекунад, тамоми талошро кард, то сафари дуввуми давлатии Медведев маҳз ба Узбакистон сурат бигирад.

Ба бовари таҳлилгароне, ки бо Ройтерс сӯҳбат кардаанд, баъид ба назар мерасад, ки Медведев тавонад дастоварди Владимир Путинро, ки тавонист Тошкандро аз зери нуфузи Ғарб берун оварда, қутби сиёсиашро ба сӯи Маскав гардонад, такрор кунад. Коршиноси Пажӯҳишгоҳи мутолиоти стротежии Русия Аждар Куртов мӯътақид аст, ки кадом пешрафти қобили мулоҳизае дар ҷараёни ин сафари Медведев ба даст нахоҳад омад, зеро Узбакистон монанди ҳамсояҳояш ҳамчунон аз роҳи диверсификатсияи равотиби хориҷиаш гом хоҳад бардошт. Алексей Малашенко, таҳлилгари маркази Карнегӣ дар Маскав, гуфтааст, Медведевро дар Самарқанду Тошканд гуфтугӯҳои мушкиле дар пеш аст, чунки ҳамтои узбакаш Ислом Каримов дӯст медорад, мустақилият ва ҳаққи интихоби шарику ҳамкорро доштани худро акидан таъкид кунад.

Хабаргузории интернетии Сентрал Эйша Нюс аз қавли Малашенко менависад, Русия дигар нақши бузурге барои Узбакистон надорад. Аз ҷумла ба далели бӯҳрони молӣ, ки имконоти иқтисодии Русияро хеле кӯтоҳ карда ва таваҷҷӯҳи пойтахтҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тошканд, ба тавсиъаи равобит бо Маскавро коҳиш додааст.

“Коммерсант” менависад, масалан, ҳанӯз маълум нест, ки оё дар ҷараёни сафари Медведев ба Узбакистон созишнома дар мавриди истифодаи муштараки маркази кайҳоншиносии Майдонак, воқеъ дар ҳошияи шаҳри Китоб, ва ё қарордоди транзити нирӯву муҳимоти артиши Русия тавассути қаламрави Узбакистон имзо хоҳанд шуд ё хайр? Чаро Тошканд аз Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё хориҷ шуд ва ба ояндаи худ дар Паймони амнияти дастаҷамъӣ, як созмони дигари минтақавии таҳти нуфузи Маскав, чӣ гуна нигоҳ мекунад? Ин ду суол, низ ба эътиқоди муаллифи “Коммерсант”, аз мавзӯъҳои мушкили гуфтугӯҳои Медведев ва Каримов дар Самарқанду Тошканд хоҳанд шуд.

Олег Панфилов, раҳбари Маркази журналистикаи экстремалӣ дар Маскав, ба Сентрал Эйша Нюс гуфтааст, намунаҳои фаровони дар гузашта аз як қутб ба қутби дигар ҷастани Узбакистон ва аз ин созмон хориҷ шуда ба созмони дигар пайвастан ва сипас аз он ҳам қаҳр карда рафтани Тошканд баёнгари як воқеъият аст: Пешгӯӣ кардани сиёсати хориҷии Узбакистон коре комилан ғайримумкин буда, маълум нест, ки Узбакистон фардо бо кӣ қаҳрӣ ва бо кӣ дӯст хоҳад шуд?
XS
SM
MD
LG