Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари раҳбари НАТО ба Покистон


Дабири кулли Паймони Атлантики Шимолӣ Яап де Ҳуп Схеффер имрӯз дар Исломобод вазъи минтақа ва амният дар тӯли марзи Афғонистонро баррасӣ кард. Мақомоти НАТО ва Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, минтақаи шимолу ғарбии қабиланишини Покистон ба паногоҳи ситезаҷӯёни Ал Қоъида ва Толибоне табдил ёфтааст, ки пас аз ҳамлаи Иёлоти Муттаҳида дар соли 2001 аз Афғонистон фирор кардаанд. НАТО ҳоло дар садри Нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон ба ҳукумати афғон дар мубориза бо ошӯби афзояндаи таҳти сарварии толибҳо мадад мерасонад.
XS
SM
MD
LG