Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми қатли тавлидгарони шири заҳролуд дар Чин


Додгоҳи Чин ду нафарро ба қатл маҳкум кард, ки дар таҳияи шири заҳролуд даст дошта, аз истеъмоли ин шир шаш кӯдак кушта ва наздик ба 300 ҳазор тан бемор шудаанд. Он ҳамчунин мудири кул ва раҳбари фермаи ширро, ки дар маркази моҷаро қарор доштанд, ба ҳабси абад маҳкум намуд. Интизор меравад, ҳукми додгоҳ дар бораи 21 нафари дигаре, ки ба тавлид ва фурӯши шири омехта бо модаи кимиёии меламин айбдор шудаанд, имрӯз эълон гардад. Ин моҷаро соли гузашта сабаби мусодираи фуровардаҳои ширии Чин дар сартосари ҷаҳон гашт ва фасоди ширкату мақомоти чиноиро ошкор намуд.
XS
SM
MD
LG