Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар як мактаби миёнаи ҷамоати Учқӯрғони вилояти Ботканди Қирғизистон бо кӯшиши гурӯҳи рушанфикрон синфи якуми тоҷикӣ кушода шуд.

Гуфта мешавад, ҳанӯз се сол муқаддам таълим ба забони тоҷикӣ дар ин мактаб қатъ гардид, ки дар пояи талабу дархостҳои як гурӯҳ падару модарон сурат гирифта буд. Ба гуфтаи Ғафурҷон Шокиров, аълочии маорифи ҷумҳурии Қирғизистон, дар мактабе, ки вай фаъолият мекунад, дубора зарурати ифтитоҳи синфи тоҷикӣ ногузир шуд.

Вай афзуд, ки вале барои ифтитоҳи синфи тоҷикӣ тармиму муҷаҳҳаз намудани синфхона мавриди баҳс қарор гирифт. Ғафурҷон Шокиров мегӯяд, ки дар ин маврид соҳибкорони миллатдӯсти ҷамоъати Учқӯрғон ба онҳо дасти кӯмак дароз карданд. Ғафурҷон Шокиров тазаккур дод, ки хурсандии онҳо ҳадду канор надорад, зеро як гурӯҳ фарзандони тоҷиктабори деҳааш дубора ба забони модарӣ таҳсилро шурӯъ карданд.

Мавлонҷон Абдураззоқов, яке аз соҳибкорони тоҷики муқими ноҳияи Қадамҷо, тайи сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ сабаби ба чунин иқдоми нек даст задани худро шарҳ дода, гуфт, ки баъди пошхӯрии Шӯравии собиқ дар ноҳияи Қадамҷо чанд мактаби тоҷикӣ баста шуд. Ба вижа замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ин раванд боз ҳам вусъат ёфт ва дар ҳамин ҳол аз ҷумла дар баъзе мактабҳои ҷамоати Учқӯрғон фаъолияти синфҳои тоҷикӣ қатъ гардид. Иддае аз падару модарон намедонистанд, ки фарзандони фориғуттаҳсилашон ҳуҷҷатҳояшро ба куҷо супорад, то ки ба донишгоҳ шомил шавад. Ба ҳамин далел падару модарон шарт гузоштанд, ки агар дар мактабҳои ба номи Ҷомӣ, Пушкин ва Айнӣ синфҳои тоҷикӣ ифтитоҳ нашавад, онҳо фарзандони худро ба мактабҳои дигар месупоранд.

Ба гуфтаи соҳибкори учқӯрғонӣ, аммо суботу барқарорӣ дар Тоҷикистон ва мусоидати шароити таҳсил барои хатмкунандагони мактабҳои тоҷикии Қирғизистон шумораи синфу мактабҳои тоҷикӣ дар қаламрави кишварашро боз ҳам хоҳад афзуд.

Мавлонҷон Абдураззоқов мегӯяд, дар ин авохир вай эҳсос кард, ки баъзе падару модарон мехоҳанд, фарзандонашон дар синфи тоҷикӣ таҳсил кунад. Ин хоҳишу мароми онҳо сабаб шуд ва ӯ як синфро тармим ва онро бо компютер, телевизор, антенаи моҳвораӣ, DVD муҷаҳҳаз намуд. Ҳоло дар ин синф 16 кӯдак ба забони модарии худ таҳсил мекунанд, ки боиси сарфарозии ӯст.

Шоир Шарифҷони Учқӯрғонӣ ифтитоҳи синфи тоҷикӣ дар мактаби ба номи Ҷомиро фоли нек хонд. Вай ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки баъди боз шудани чанд синфи тоҷикӣ дар манотиқи дигари кишвараш теъдоди соҳибкороне хоҳад афзуд, ки забону фарҳанг ва суннатҳои миллии худро қадр мекунанд.

Ба гуфтаи Шарифҷони Учқӯрғонӣ ин ҳодисаи хеле фараҳбаш аст. Зеро агар фарзандони мардуми тоҷиктабори Қирғизистон ба забони модарии худ таҳсил накунад, забони тоҷикӣ фаромӯш мешавад. Онҳо таърихи халқи худро низ аз ёд мебароранд. Аз ин лиҳоз вай ба соҳибкорони ҷамоати Учқӯрғон арзи сипос мекунад ва аз дигарон низ даъват карданист, ки дар кушодани синфҳои тоҷикӣ ба соҳибкорони учқӯрғонӣ пайравӣ кунанд.

Шарифҷони Учқӯрғонӣ ҳамчунин зикр кард, ки мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиро аз Тоҷикистон мегиранд. Вай гуфт, аз ин лиҳоз вазорати маорифи кишвараш бояд ин масъаларо бо вазорати маорифи Тоҷикистон матраҳ намояд ва ҷиҳати таъмини синфҳои тоҷикӣ бо китобҳои дарсӣ фавран чораҷӯӣ кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG