Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Toyota аз General Motors пеш гузашт


Ширкати амрикоии General Motors аз ин баъд бузургтарин тавлидкунандаи худравҳо дар ҷаҳон маҳсуб намешавад. Ин ширкат, ки тайи 77 сол дар олами мошинсозӣ рақами як арзёбӣ мешуд, бар асари бӯҳрони молӣ дар семоҳи ахири соли гузашта 11 дар сад камтар худрав фурӯхтааст. Ва акнун бузургтарин тавлидкунандаи худравҳо ширкати ҷопонии Toyota маҳсуб мешавад, ҳарчанд ин ширкат низ барои нахустин бор дар даҳ соли ахир ба мушкили фурӯши мошинҳо мувоҷеҳ шудааст. Соли гузашта Toyota тақрибан 9 миллион худрав фурӯхтааст, General Motors бошад - тақрибан ним миллион мошин камтар.
XS
SM
MD
LG