Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳилларӣ Клинтон Котиби Давлатии ИМА таъин шуд


Ҳилларӣ Клинтон дар маснади Котиби давлатии Амрико пазируфта шуд. Аз номзадии хонум Ҳилларӣ аксари аъзои Сенати ИМА пуштибонӣ карданд, ҳарчанд бархе аз сенаторҳо изҳор намуданд, ки чун шавҳари ӯ, раисиҷумҳури собиқ Билл Клинтон ба фаъолияти хайрия машғул аст, шояд ихтилофи манфиатҳо ба миён биёяд.

Ҳилларӣ Клинтон – рақиби аслии Барак Обама дар рақобат барои дарёфти мақоми номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ИМА буд. Баъди пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 4 ноябри соли 2008, Обама ба Ҳилларӣ Клинтон пешниҳод кард, ки раёсати идораи сиёсати умури берунаи Амрикоро бар дӯш бигирад.

XS
SM
MD
LG