Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав ба тамдиди мандати нозирони САҲА розӣ нашуд


Намояндагони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар музокирот бо вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар Маскав ба тамдиди мандати нозирони ин созмон дар минтақаи низоъ миёни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ муваффақ нашуданд. Дар ин бора, Дора Бакояннис, вазири умури хориҷаи Юнон, садри даврии САҲА хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, музокирот бидуни натиҷа анҷом ёфт, зеро Маскав талаб кардааст, ки истиқлоли ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Осетияи ҷанубӣ ва Абхозистон эътироф шавад. Мӯҳлати мандати нозирони САҲА рӯзи 31 декабри соли гузашта поён ёфта буд.

XS
SM
MD
LG