Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: Маоши аъзои ҳукумат боло нахоҳад рафт


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА дар нахустин рӯзи кориаш чанд амр содир кард, ки тибқи онҳо, аз ҷумла, аз ин ба баъд фаъолияти гурӯҳҳои лоббистӣ ё гурӯҳҳое, ки аз манфиатҳои ширкату афроди алоҳида пуштибонӣ мекунанд, маҳдуд хоҳад шуд. Ӯ ҳамчунин амр кард, ки ниҳодҳои давлатӣ ба дархостҳои дарёфти маълумот дар чаҳорчӯби қонун оид ба озодии иттиллот посухи сареъ диҳанд. Барак Обама дар нахустин нишасти хабарияш ба ҳайси раҳбари Амрико ваъда дод, ки замони қудрати ӯ кишвар вориди даврони нави шафофият мегардад. Ӯ бо ишора ба бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гуфт, маоши кормандони воломақоми Кохи сафед, ки аз 100 ҳазор доллар бештар аст, мунҷамид мешавад, яъне дар сатҳи феълӣ боқӣ монда афзоиш нахоҳад ёфт.
Дирӯз Обама бо раҳбарони чанд кишвари Ховари Миёна телефонй тамос гирифт ва онҳоро мутмаъин, кард ки дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли низоъи миёни Фаластин ва Исроил фаъолона ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG