Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳод барои ислоҳи Қонуни Асосии Ироқ


Нурӣ Ал- Моликӣ - нахуствазири Ироқ хостааст, то ба хотири тақвияти қудрати ҳукумати марказӣ ба Қонуни Асосии ин кишвар тағйирот ворид карда шавад. Нурӣ Ал- Моликӣ зимни сӯҳбат бо раҳбарони қабоил дар шаҳри зиёратгоҳи Наҷаф гуфт, ин тағйирот “зарур аст, то ваҳдати Ироқ ҳифз карда шавад”. Нахуствазири Ироқ дар интихоботи қарибулвуқӯъи вилоятӣ ширкат надорад, вале аз тарафи Ҳизби Қонуни Ироқ дар корзорҳои тарғиботӣ ширкат меварзад. Ин кори ӯро танқид кардаанд, бахусус баъзе аз маҳфилҳои сиёсии шиъамазҳабон ва курдҳо, ки Нурӣ Ал-Моликиро ба талош барои инҳисор ва ё монополияи қудрат муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG