Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ин шабонарӯзҳо, дар маҳофили мухталифи Тоҷикистон ё миёни мардум ҳар гоҳ масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбакистон матраҳ шавад, мавзӯъи сӯҳбат беихтиёр ба камбуди барқ ё газ дар Тоҷикистон бармегардад.

Камбуди барқу газ дар зимистони сарди Тоҷикистон ва боло рафтани нархи газ ин мавзӯъро муҳим ва бузургтар кардааст. Шояд ба ҳамин сабаб ин мавзӯъ аз диди Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон низ дар канор намонд ва дар нишасти хабарии 21-уми январ дар шаҳри Душанбе ҳангоме, ки рӯзноманигорон аз оқои Зарифӣ дар бораи ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар суол карданд, дар зеҳни вазири хориҷаи Тоҷикистон қабл аз ҳама ҳамин масъала муҷассам шуд.

Дар Тоҷикистон на танҳо дар доираҳои давлатӣ, балки ҳам мардум ва ҳам таҳлилгарон ҳамеша дар фикри ин ҳастанд, ки Тоҷикистон тобистон барои обёрии мазореъи паҳновари кишоварзӣ дар Узбакистон ё кишварҳои дигари поёноб об медиҳад ва зимистон ин кишварҳо, аз ҷумла Узбакистон, ба Тоҷикистон дар ивази об барқ медиҳанд ё гази худро бо назардошти чунин ҳамкориҳо бо нархи арзонтаре ба Тоҷикистон мефурӯшанд.

Яраш Пӯлодов, коршинос аз вазорати обу обёрии Тоҷикистон дар ин бора чунин мегӯяд:
"Агар Туркманистону Ӯзбакистон Тоҷикистонро дар шароити зимистон ҳеҷ набошад мувофиқи ҳамон шартномае, ки имзо шудааст, (масалан, Туркманистон бояд 1 милиярду 200 милиён киловат) барқ диҳанд, мо ҳамин 50 сантиметр не, балки камтар сарф мекардем ва метавонистем онро ҷамъ кунем барои кишварҳои поёноб. Ин чизро онҳо намефаҳманд. Мо маҷбур ҳастем".

Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси дигар мегӯяд, Ӯзбакистон на танҳо аз қарордодҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши обу
" Каприз"-ҳои Ӯзбакистон адо намешавад. Оби Қайроқумро Ӯзбакистон моҳи сентябр тамоман адо мекунад. "
энержӣ сарфи назар мекунад, балки гоҳо, ба истилоҳи худаш, дар баробари Тоҷикистон "каприз" ҳам нишон медиҳад:
" Каприз"-ҳои Ӯзбакистон адо намешавад. Оби Қайроқумро Ӯзбакистон моҳи сентябр тамоман адо мекунад. Агар қирғизҳо обашонро накушояд, дигар ниругоҳи Қайроқум як гром барқ истеҳсол карда наметавонад. Ин аз рӯи графики Узбакистон кор мекунад. Ҳамчун ГЭС обанбори Қайроқум кор намекунад. ГЭС-и Фарҳод ҳам дар хоки Тоҷикистон аст, яъне, оби он оби Тоҷикистон аст. Онро ҳам Ӯзбакистон чӣ хел хоҳад, ҳамон хел истифода мекунад".

Яраш Пӯлодов, коршинос аз вазорати обу обёрии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, вазоратҳои Тоҷикистон ба хотири иҷрои қарордодҳо бо кишварҳои поёноб, бо Ӯзбакистон, ҳатто бар зарари худашон обро барои ҳамсоягон боз мекунанд:
"Ҳоло вазорати обу обёрӣ, "Барқи Тоҷик"-и Тоҷикистон барои шартномаро сад фоиз иҷро кардан, новобаста ба шароити обу боришот ҳамин қадар сол бар зарари худаш Туркманистону Ӯзбакистон ва Қазоқистонро то ҳол дастгирӣ карда меояд".

Таҳлилгари дигар, Ҳомидҷон Орипов, раиси Кумитаи миллии обанборҳои бузурги Тоҷикистон мегӯяд, Ӯзбакистон ба хубӣ медонад, ки Тоҷикистон дар бунбаст қарор дорад ва кишвари аз лиҳози иқтисодӣ заъиф аст. Бо назардошти чунин вазъ Ӯзбакистон шарту шароити худро ба Тоҷикистон таҳмил мекунад ва ҳангоми имзои қарордодҳои ҳамкорӣ аз роҳҳое ба Тоҷикистон фишор ворид мекунад. Ҳомидҷон Орипов:
"Онҳо ба ин васила ҳамеша моро маҷбур мекунанд, ки мо роҷеъ ба об қарордодҳои бароямон беманфиъатро имзо кунем. Ин як навъ фишори мустақим ё ғайри мустақим аст".

Бо назардошти шароити душвори таъмини энержӣ дар Тоҷикистон ва холӣ шудани обанборҳо ҳоло Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи
"Онҳо ба ин васила ҳамеша моро маҷбур мекунанд, ки мо роҷеъ ба об қарордодҳои бароямон беманфиъатро имзо кунем. "
Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш маҷбур аст обро барои тавлиди барқ истифода кунад ва дар кишварҳои поёноб мумкин аст тобистон камбуди об эҳсос шавад. Ҳомидҷон Орипов чунин мегӯяд:
"Тоҷикистон маҷбур аст ин корро кунад. Мо роҳи дигар надорем. Агар ҳоло мо обро ба ҳадди аксар истифода кунем, баъдтар онро бояд захира кунем. Дар ҳар ҳолат мо дар куҷо метавонем захира кунем? Танҳо дар Норак захира мекунем".

Ҳомидҷон Орипов мегӯяд, Қирғизистон, кишври дигари болооб, мисли Тоҷикистон ҳар зимистон ҷабри кишварҳои поёнобро мекашад. Вале, имкон дорад, барои муддате дар мавориди зарурӣ, ба вижа дар мавсими обёрӣ, маҷрои обро бибандад, то битавонад ҳамтоёни худро, аз қабили Ӯзбакистон, ба ҳамкории одилона водор кунад. Вале Тоҷикистон ин имконро надорад:
"Қирғизистон дорои сарбандҳост. Сарбандҳои Норин ва Сирдарё. Обанбори Тухтагул хеле бузург аст. Аз обанборҳои мо бузургтар аст. Тоҷикистон имкон надорад, ки мисли Қирғизистон обро захира кунад ва муддате, ки аз меъёр бештар бошад, нигоҳ дорад. Имконоти Тоҷикистон маҳдуд аст. Танҳо Норак аст. Обанборҳои дигар барои танзими оби шабонарузист. Маҷрои обро наметавонанд нигаҳ дорад".

Ба назари таҳлилгарон, танҳо баъд аз такмили сохтмон ва сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистон ба танзими маҷрои об дастрасӣ пайдо мекунад. Дар он сурат, он гуна, ки мақомоти раҳбарии Тоҷикистон мегӯянд, ин кишвар метавонад ниёзмандиҳои худро ба барқ то андозае бароварда созад ва пойбандиаш ба энержии кишваҳои ҳамсоя камтар шавад.

Вале барои Тоҷикистони аз лиҳози иқтисодӣ заъиф ин кори осоне нахоҳад буд. Русия ва кишварҳои ҳамсоя низ дар ин замина бо ваъдаҳои ҳамкорӣ аз истилоҳи маъруфи "Каҷ дору марез" хуб истифода мекунанд, то Тоҷикистонро умедвор кунанд ва барои муддате дигар сари ин кишварро гарм нигаҳ доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG