Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамрохон Зарифӣ аз имкони пеш омадани мушкили об дар соли равон дар минтақа ҳушдор дод.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфт, иҷро нашудани қарордодҳои обу энержӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон боиси пеш омадани мушкилоти барқрасонӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар ҷамъи хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд, қатъи интиқоли барқи Туркманистон тавассути Узбакистон ба Тоҷикистон боис шудааст, ки захираи обанбори Норак беш аз меъёр истифода шавад. Ва ин ҳол эҳтимолан боис мешавад, ки тобистон мушкили обро барои кишварҳои минтақа ба вуҷуд биорад. Ӯ гуфт, Тоҷикистон роҳи дигаре надорад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносони соҳаи энержӣ тавони обанборҳои Тоҷикистонро ба ҳадде, ки имкони захираи об ба андозаеро, ки барои кишварҳои поёноб мушкил эҷод шавад, нокифоя медонанд. Агарчанд чунин имконеро рад низ намекунанд. Коршиносони соҳаи энержӣ мегӯянд, агар хушксолӣ ва ё вазъи соли гузашта пеш биояд, ки ҳанӯз дар моҳи август камбуди об мушоҳида мешуд, пеш омадани мушкили об баъид нест.

Аммо оғои Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, ба манзури ҳалли мушкили энержӣ, хати интиқоли барқ миёни Тоҷикистон – Афғонистон - Эрон бо ҳамкории муштараки ин кишварҳо сохта хоҳад шуд.

Ҳамрохон Зарифӣ ба масъалаи ҳалли мушкили майдонҳои мина дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон низ ишора кард ва гуфт, дар ин замина ҳарчанд на фаъолона, аммо музокироти дуҷониба идома доранд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин сари кор омадани президенти нави Амрико Барак Обамаро ба фоли нек гирифт ва изҳори умедворӣ кард, ки мушкилоти умдаи дунё, аз ҷумла, масъалаи Афғонистон ва мушкили Ховари миёна дар маҷмӯъ роҳи ҳале пайдо хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG