Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оҷонси сохтмон ва меъмории Тоҷикистон мегӯяд, бар асари бӯҳрони молиявӣ нархи хона дар Тоҷикистон 30 дарсад поин рафтааст.

Абдувалӣ Комилов, раиси ин оҷонс, ба сурати мисол гуфт, агар қаблан нархи як хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳри Душанбе 100 ҳазор доллар буд, феълан нархи ҳамон хона ба 70 ҳазор доллар баробар шудааст. Оқои Комилов поин рафтани қимати масолеҳи сохтмонӣ дар бозори ҷаҳониро иллати арзоншавии нархи хонаҳо арзёбӣ кард. Вай гуфт, ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон аз ин ҳолат манфиати молӣ дида, барои арзонтар намудани қимати хона дар ояндаи наздик иқдом хоҳанд кард.

Бино ба иттилои Оҷонси сохтмон ва меъморӣ, феълан дар Тоҷикистон беш аз 1200 ширкати сохтмонӣ ба корҳои сохтмонӣ машғул мебошанд, ки дар як соли ахир 30 бинои баландошёна ба истифода супурдаанд. Масъулини ин ниҳоди давлатӣ мегӯянд, бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба нақшаи кории ин ширкатҳо таъсири манфӣ намерасонад ва онҳо дар соли 2009 дар Душанбе ҳудуди 30 бинои нави баландошёна сохта ба фурӯш хоҳанд гузошт.

Дар ҳамин ҳол нақшаи кулли таҷдиду сохтмони шаҳри Душанбе, мавсум ба «Генплан», ки бар пояи тасмими давлат татбиқи он мебоист соли равон шурӯъ шавад, ба муддати номуайян мавқуф гузошта шуд. Абдувалӣ Комилов мегӯяд, шаҳрдории Душанбе барои нақшаи кулли беҳтари бозсозии шаҳри Душанбе миёни ширкатҳои сохтмонӣ озмун эълом намуд, вале дар ин озмун фақат як ширкат иштирок кард.

Дар чунин ҳол шаҳрдорӣ озмунро лағв намуда, тасмим гирифтааст, барои тарҳрезии лоиҳаи мазбур дар назди худ институти вижаи нақшаи таҷдиди Душанберо таъсис диҳад. Ба гуфтаи оқои Комилов, шаҳрдорӣ то кунун ин муассисаро таъсис надодааст ва ин боис ба таъхири бозсозии Душанбе шудааст.

Дар ҳамин ҳол, оҷонси сохтмон ва меъморӣ мегӯяд, мақомот хонаҳои зиёде, ки мардум берун аз нақшаи кулли шаҳрсозӣ ғайриқонунӣ сохтаанд, тахриб кардаанд. Масъулони ин оҷонс аз ошкор кардани шумори хонаҳои аз сӯи мақомот харобшуда худорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, бештар аз 1300 мавриди хонаҳои ғайриқонунӣ сохтаи мардумро ба қайд гирифтаанд.

Коршиносон мегӯянд, агар нақшаи кули таҷдиди шаҳри Душанбе тарҳрезӣ ва амалӣ шавад, мақомот тамоми ин мавридҳоро ба истилоҳи худ «ислоҳ», яъне ин хонаҳоро вайрон хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG