Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Тоҷикистон бо паймони НАТО


Ҳамроҳхон Зарифӣ - вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, кишвараш бо Амрико ва паймони НАТО дар мавриди интиқоли муҳимоти ғайринизомӣ аз тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон музокира анҷом медиҳад. Ба гуфтаи вазир, аз тарафи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ чунин пешниҳоде шудааст, вале то кунун созишномае дар ин маврид имзо накардаанд. Ҳамроҳхон Зарифӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои ниҳоӣ кардани созишнома моҳи феврал ба шаҳри Брюссел сафар хоҳад кард. Дейвид Петреус генерали амрикоӣ рӯзи шанбе бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи истифодаи роҳҳои кишвар барои таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баррасӣ, ки мехоҳанд, мубориза ба зидди Толибони аз нав ҷон гирифтаро тақвият бахшанд.
XS
SM
MD
LG