Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастури Обама дар мавриди Гуантанамо


Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Амрико баъди чанд соати ба сари қудрат омадани Барак Обама ба додситонҳои низомӣ дастур додааст, то мурофиаи муттаҳамон ба тероризм дар зиндони Гуантанаморо муттавақиф кунанд. Додситонҳоро ҳидоят кардаанд, ки барои 120 рӯз муттавақиф шудани муҳокимаи муттаҳамон дархости расмӣ кунанд, то ҳукумати нав масъалаи мазкурро бознигарӣ намояд. Барак Обама қавл дода буд, ки зиндони Гуантанаморо мебандад, зеро онро бисёриҳо як доғе дар собиқаи риояти ҳуқуқи инсон дар Амрико медонанд. Барак Обама дар рӯзи адои савганд дар рӯзи сешанбе дар ҳузури бештар аз як миллион тарафдоронаш дар Вашингтон гуфт, мушкилоти пеши рӯи Амрико воқеъӣ ва ҷиддӣ ҳастанд, аммо ваъда дод, ки онҳоро рафъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG