Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кай Эйде ба Тоҷикистон сафар мекунад


Қарор аст, рӯзи 23 январ Кай Эйде - намояндаи хоси Созмони Милал дар умури Афғонистон бо сафари дурӯзае вориди Тоҷикистон шавад. Дар ин бора вазорати умури хориҷа иттилоъ дод. Пеш аз ин мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳозиранд дар интиқоли кӯмакҳои башарӣ ва лавозимот барои нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон кӯмак кунанд. Тоҷикистон ҳамвора аз вазъи амниятӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки ҷомеаи байналмилал дар роҳи таъмини субот ва маҳви кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон талоши кофӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG