Пайвандҳои дастрасӣ

Сафарбек Каримов, намояндаи идораи «Тоҷикстандарт» дар водии Рашт, ба радиои Озодӣ гуфт, фурӯши биринҷ ва равғани истеҳсоли Чин дар бозору мағозаҳои минтақа манъ карда мешавад.

Вай сабаби манъи равғану биринҷи чиноиро ба сифати пасти онҳо рабт дод. Ба гуфтаи намояндаи идораи «Тоҷикстандарт», равғани истеҳсоли Чин дорои моддаи парафин аст, ки ба саломатии истеъмолкунандагон зарар мерасонад. Вай биринҷи чиноиро пастсифат ва зараровар номид.

Ин дар ҳолест, ки тоҷирон дар бозори марказии Рашт мегӯянд, асосан равғани истеҳсоли дохилӣ ва арабиву эрониро ба водӣ ворид мекунанд ва равғани чиноӣ бо сабаби гаронбаҳоӣ ворид карда намешавад. Вале намояндаи идораи «Тоҷикстандарт» бар ин назар аст, ки равғани чиноӣ бо тамғаи тоҷикӣ ба фурӯш гузошта мешавад.

Дар робита ба сифати биринҷи чиноӣ низ то ба ҳол касе аз тоҷирон ва харидорон дар минтақа шикоят накардааст. Аксари харидорон биринҷи нисбатан арзони чиноиро аз биринҷи гаронбаҳои тоҷикӣ афзал медонанд. Имрӯз дар мағозаҳои водӣ як кило биринҷи чиноӣ 5 сомонӣ ва килои биринҷи тоҷикӣ аз 7 то 12 сомонӣ арзиш дорад.

Бархе аз сокинони минтақа аз он нигаронанд, ки манъи биринҷи истеҳсоли Чин метавонад боиси гаронтар шудани қиммати биринҷ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG